"Тоҷикфилм" кӯшиш дорад, ки муҳтавои видеои блогерони тоҷикро дар шабакаи Youtube назорат кунад.
Аммо блогерҳои тоҷик ба ин иқдом комилан норози ҳастанд ва бар онанд, ки ин иқдом боз як навъи фишор ба онҳо буда, як навъи сензура мебошад.
“Ин иқдоми аҷиб аст. фикр намекунам шабакаи Youtube ба ин иқдоми Тоҷикистон розӣ шавад”, - гуфт коршинос бо Sputnik Тоҷикистон.
Коршинос аз мушкилоти рушди контент дар Чин ёдрас шуд.
“Чин бузургтарин бозор аст, Google ва Youtube барои Чин баъзе аз гузаштҳо кард.
Аммо бозори Тоҷикистон барои, Google ва Youtube чандон аҳамияте надорад ва фикр намекунам, ки онҳо барои ин кишвар гузашт кунанд.
Фикр намекунам, ки шабакаи Youtube барои таҳрири пешакии наворҳо иҷозат диҳад, ин аз лиҳози техникӣ бисёр кори мушкил аст, чунки дар ин шабака ҳар дақиқа соатҳои навор ворид мешавад”, - илова кард коршинос Чистов.
Ба гуфтаи коршиноси рус Дмитрий Чистов ин иқдомест, ки иҷрои он ғайри имкон аст.