ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Пагоҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, фестивали мазкур “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” ном дошта, дар он сарояндагону навозандагон, донишҷӯён ва ҳунармандони ҷавон аз Афғонистон, Чин, Ҷопон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Русия, Туркия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Тавре манбаъ қайд намудааст, фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, аз ҷониби Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”-и Кумита роҳандозӣ шудааст.
“Ҳадаф аз он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Тавре манбаъ афзудааст, фестивали ҷавонон соати 18:00 дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.