Қасрҳо, 3-4 зан ва мошинҳои 80 ҳазорӣ – анъанаи мансабдорони фасодкор

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қасрсозиҳо, хонаҳои зиёд, мошинҳои 80-ҳазор долларӣ ва 3-4 зан миёни мақомдорони фасодкори тоҷик ба як анъана табдил ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он, ки буҷаи давлат иҷро намешаваду қасрҳои масъулини гумруку андоз бунёд мешаванд, нигаронӣ кард.

“Садқаи вазифааш кунад”: дастури барканории Қурбонзода аз мақоми раиси Хадамот

“Буҷет мегӯем, иҷро нашуд. Ин қаср аз куҷо пайдо шуд?”, - cуол гузошт Эмомалӣ Раҳмон 10 май дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук.

“Чихел корманди гумрук, ду сол кор накардааст, 10-15 хона, 6-7 мошини хориҷие, ки ҳамааш ҳаштод ҳазор долларӣ. Аз куҷо меёбад? Се-чор зан. Ин якум ҳодиса нест, ин анъана шуда рафта истодааст”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, ки дар водиҳои Ромиту Варзоб ва дигар минтақаҳо қасрҳои сершумор қомат афрохтаанд ва вақте суол мекунад, ки аз кист посух медиҳанд, ки аз фалонча, корманди гумруку андоз мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон: ба президент занг задану ба наздаш даромадан осон аст - Видео

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар мавриди дороии сӣ - чил фоизи кормандони ин ниҳодҳо маълумотро рӯи даст дорад.

“Як хелаш 10-15 хона дорад. Ин дараи Ромит меравӣ, аз киай? Аз фалонча – гумрук. Дар дараи Варзоб аз киай? Аз корманди андоз”, - изҳор дошт Раҳмон.

Раисиҷумҳур ҳушдор дод, ки дороиҳои мақомдоронро тариқи телевизион нишон медиҳад ва таъкид намуд, ки аз чаҳорчӯбаи қонун набароянд.