Садҳо тоҷик рӯзи 9 май ба "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳамроҳ шуданд
Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 74-солагии Рӯзи Пирӯзӣ садҳо тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.
Ҳамаи онҳо дар даст аксҳои хешовандон-бобоён, бибиҳо, падарону модаронро, ки қаҳрамонона дар ҶБВ ҷангидаанд бо ифтихор бардошта, дар кӯчаҳои марказии Маскав қадам мезаданд.
Ҷавонон бо қувваи пурра аксҳои қаҳрамононро баланд мебардоштанд, то ҳама қаҳрамонони Тоҷикистонро бубинад.