Озмун: Кумитаи андоз барои 102 мансаби холӣ соҳиб меҷӯяд

Кумитаи андози Тоҷикистон барои  ишғоли 102 мансаби холӣ дар нозироти андози шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ озмун эълон намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Аз тариқи иштирок дар озмун 102 нафар метавонанд, вазифа ва мансабҳои холӣ дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ро ишғол намоянд.

Баҳси маоши каму мошини қимат: Кумитаи андоз гуфт, кӣ чанд сомонӣ мегирад?

Сомонаи расмии кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, барои ишғоли 102 мансаби холӣ дар 38 идораи нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмун баргузор карда мешавад.

Сомонаи расмии Кумитаи андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ ба ишғоли мансаби холӣ, донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, забони давлатӣ ва тавонистани кор бо технологияҳои иттилоотӣ, аз талаботҳои иштирок дар озмун гуфтааст.

Вазифаро иҷро накардед: Кишвардор раиси кумитаи андоз ва хадамоти гумрукро танбеҳ дод

“Ба мансаби сардори Нозироти андоз, сардори шӯъба, мудири бахш, сармутахассис ва мутахассиси пешбар шахсоне, ки мутаносибан 5, 4, 3 ва 1 сол собиқаи умумии корӣ ва ё 4, 3, 2 ва 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд, инчунин дорои донишу малакаи идоракунї ва банақшагирии кор мебошанд, метавонанд довталабӣ намоянд.

Довталабони мансабҳои шуъбаю бахшҳои санҷиши андозҳо ва аудити дохилӣ новобаста аз категорияи мансаб бояд на камтар аз 3 сол собиқаи корӣ дар соҳаи дахлдор дошта бошанд”, иттилоъ медиҳад, сомонаи Кумитаи андоз.

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок ба озмуни ишғоли мансабҳои холӣ дар идораҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 11-уми майи соли 2019 давом мекунад. Баргузори озмун соати 8:00 и рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ дар назар аст.