Нафси бад - балои ҷон: Гулбаҳор пули мактабро хӯрду аз вазифа монд

Гулбаҳор Соибова, собиқ мудири мактаби рақами 48 ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои аз худ кардани буҷаи давлат ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли вазифа маҳрум карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Собиқ мудири мактаби рақами 48-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Гулбаҳор Соибова барои бо истифода аз мансаб аз худ кардани маблағи давлат бештар аз 7 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли вазифаву кор дар муассисаи давлатӣ маҳрум шуд, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Соибова аз соли 2017 то аввалҳои соли 2019 вазифаи мудири мактаби 48-ро бар ӯҳда дошт.

"Зан бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш бо роҳи тақаллуби ҳуҷҷат даст ба тасарруфи молу мулки давлат задааст", - менависад манбаъ.

Чунончи, мудири мактаб фармони ихроҷи яке аз кормандони муассисаро, ки ба кор наомадааст, набароварда, музди ӯро, ки дар умум 7 ҳазору 745 сомониро ташкил медодааст, ба манфиати худ истифода бурдааст.

Оҷонсӣ: нафси бад сари 129 мансабдорро "хӯрдааст"

Аз ҷониби прокуратураи  ноҳияи Ҷололиддини Блхӣ моҳи январи соли равон нисбати Соибова Г.А., бо моддаҳои 245 қисми 2 банди "г" ва 323 Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ  ба суд  фиристонида шудааст.

Моҳи апрел  Соибова Гулбаҳор Аризиевна, бо ҳукми додгоҳ бо моддаҳои 245 қисми 2 банди "г" ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тодикистон гунаҳгор дониста шуда, бештар аз 7 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли вазифаву кор дар муассисаи давлатӣ маҳрум гардидааст.