ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар пойтахти тоҷикистон бебориш шуда, шабона 9-11 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ қайд намудааст, ки имрӯз дар ВМКБ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.