Боздошти ду зан барои дуздӣ дар минтақаи истироҳатии "Пайрав" дар Варзоб

ВУД хабар додааст, ки кормандони милитсия моҳи апрели соли равон дуздии минтақаи истироҳатии “Пайрав”-ро аз тарафи шахсони номаълум ба қайд гирифта буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб ду занеро боздошт намуданд, ки дар дуздии ашёҳои рӯзгори  минтақаи истироҳатии “Пайрав” айбдор мешаванд.

Боздошти зани 20-сола ба гумони дуздии “Самсунг С-9”

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ахиранн ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз минтақаи истироҳатии “Пайрав”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Варзобқалъа ашёҳои рӯзгор, ки арзишашон 15 ҳазор сомониро ташкил медодааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия дар пайи ҷустҷӯ зани 36-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва зани 35-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро, кормандони минтақаи истироҳатии “Пайрав” боздошт намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни кофтуков аз онҳо далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.