Қиссаи фирори Дилноз бо 4 фарзандаш аз “Хонаи бевазанон”-и Сурия

Дилноз ба суханҳои шавҳараш бовар карда, аз Русия ба Озорбойҷон, Эрон, Афғонистон, Туркия ва Сурия сафар карда, муддати 7 сол бо азобу машақат 3 фарзанд таваллуд карда, шавҳарашро аз даст дода, тавонистааст дубора ба Узбакистон баргардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мая – Sputnik.  Дилноз бо чор кӯдаконаш ҷонашро дар хатар гузошта, аз “биҳишт дар рӯи замин” рӯ ба сӯи хона кардааст. Шавҳари ӯро барои қасди фирор аз ин сарзамин ба қатл расонида буданд. Вобаста ба саргузашти ин оилаи фиребхӯрда ва сарсону саргардон дар хоки Афғонистону Сурия РИА Новости иттилоъ додааст.

Мурофиаи 15-дақиқаӣ: чӣ гуна Аҳмад Амирӣ, додраси Ироқ занони тоҷикро ҳукм кард?

Бо номаҳрамон гаштан ва ё суҳбат кардан мумкин нест

 Шавҳари Дилноз аз Хонободи Узбакистон буда, дар шаҳри Сант-Петербурги Русия кор мекардаааст ва ба гуфтаи ҳамсараш ҳаматарафа “хуб” будааст. Соли 2011 Дилноз бо писараш ба Русия ба назди шавҳараш рафтаанд. Баъди чанде оила ба воситаи Озорбойҷон ба Эрон сафар кардаанд. Новобаста аз он, ки онҳо суннӣ будаанд, барои онҳо давлати исломи будани Эрон басанда будаааст, ки ба он ҷо сафар кунанд. “Шавҳарам тамоман дигаргун шуда буд. Ман ба ин аҳамият намедодам, дигар корҳоям зиёд буданд. Ӯ ба ман гуфт меравем, хона медиҳанд, ту метони ҳиҷоб пӯшӣ. Дар Эрон якуним моҳ зиндагӣ кардем духтарамон Фотима таваллуд шуд”, - қиссаашро оғоз кард Дилноз.

Онҳо дар шаҳри Зоҳидони Эрон будаанд. Зоҳидон бо Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад аст. Чанде пас шавҳари Дилноз новобаста аз урфу одатҳои дигар маҷбур шуд ба кор барояд. Ба хотири ба кор баромадан аз Дилноз шиноснома ва дипломи “фелдшер”-ро (ҳамшираи шафқат) гирифт, ки баъди ин ӯ дигар онҳоро надид.   

Ман бо хоҳиши худ омадам: зиндагии занони ҷангиёни ДОИШ дар Ироқ

Шавҳари Дилноз оилаашро аз Зоҳидон бо ваъдаи кор даромадан ба Афғонистон бурд.  Шавҳараш онҳоро ба як ҷои пурчангу хок ва хароба овард, баъдан Дилноз пурсон шуд, ки ин ҷо куҷост ва дар ҷавоб фаҳмид, ки дар хоки Афғонистон қарор доранд.

Шавҳараш онҳоро ҳамроҳи як марди бегона, ки бо узбакӣ харф мезадааст монда, ба масҷид рафтааст.

“Ман гиря кардам, гуфтам шавҳарамро фарёд кун биёяд. Моро ба куҷо овардааст. Ман чизеро намефаҳмам. Шавҳарам омад, ман аз ӯ пурсон шудам, ки ин худаш чӣ кор? Мо дар куҷо қарор дорем? Ӯ гуфт ин ҷо Афғонистон, дигар роҳе надорем. Ман рӯзҳои дароз мегиристам. Дар дастам кӯдаки якмоҳа доштам. Кӯдаки калониям ҳамагӣ 4 сол дошт. Ман аз шавҳарам пурсидам, ки ҳамаи дунё медонад, ки дар Афғонистон ҷанг рафтаистодааст, ту чаро моро ин ҷо овардӣ? Ту моро ваъдаи кор дода, ба Афғонистон овардӣ. Ман дар инҷо мондан намехоҳам. Ман бар мегардам. Ӯ ба ман ҷавоб дод, ки: “баргаштан хоҳӣ баргард, аммо ман бо ту намеравам”, - ба ёд меоварад Дилноз.

Танҳо баъди ин гуна ҷавоби шавҳараш Дилноз фаҳмид, ки шавҳараш ба гуруҳи ҷангҷӯён шомил шудааст. Дилноз баргаштан хост, ба ӯ роҳбалад доданд, аммо то сарҳад нарафта дар як деҳае онҳоро боз доштанд ва иҷозаи убури сарҳад надоданд. Гуё марз махкам будааст.

Марги шавҳарамро интизор будам: ваъдаи кор дар Туркия як оиларо ба гуруҳи Толибон пайваст

“Баъди як ҳафта шавҳарам омад. Ман аз ӯ боз хоҳиш кардам, ки биё бар гардем. Аммо ӯ гуфт: “ман дар инҷо мемонам, ту хоҳи ба Узбакистон рафтан хоҳӣ, рав”. Аммо барои ман дигар аҳамият надошт, ки ӯ бармегардад, ё не. Муҳим ман худам бо кӯдаконам бояд бар мегаштам. Аммо мутаасифона ман дувуним сол дар Афғонистон мондам. Давоми дувунимсол танҳо гиря мекардам. Мегиристам ва Худоро зора мекардам, ки чашмони шавҳарамро кушояду мо баргардем, чун ки дар атрофи ӯ танҳо одамони бад буданд. Ман хостам гурезам, аммо нашуд. Бе доштани маҳрам (шахси наздик, ё шавҳар, ё падар,  ё бародар) аз марз баромада наметавонӣ. Ҳар қадар кӯшиш кардам натавонистам аз он ҷо бароям. Агар онҳо медонистанд, ки ман қасди гурехтан дорам, маро мекуштанд”, - шарҳ дод Дилноз.

Ба Дилноз аҳамият надошт, ки кадом гуруҳ қисмати шимоли Афғонистонро идора мекард, шояд Толибон буданд. Вай ҳомиладор шуда буд ва таваллуди фарзанди сеюмашро интизор буд. Баъди чанде писарча, таваллуд кард ва номашро Абдураҳмон монданд.

Мақомоти тоҷик занонро низ аз Ироқ бармегардонанд

“Баъди таваллуди Абдураҳмон шавҳарам ба муддати 7 моҳ бедарак шуд, танҳо ба воситаи “ратсия” бо мо суҳбат мекард, мегуфт, ки кор мекунад. Ман роҳи ӯро интизор шудам, якчанд муддат наомад қасди гурехтан кардам нашуд, пул ҳам надоштам. Баъди чанде писарам бемор шуда аз олам гузашт. Вақте, ки шавҳарам омад алакай писарамон набуд. Бахшиш пурсид, ки ин тавр шуд ва гуфт ба Туркия меревем”, - илова кард Дилноз.

Шавҳари Дилноз аз баргаштан ба Узбакистон худдорӣ кард, метарсид, ки дар он ҷо ӯро зиндон мекунанд. Новобаста аз оне, ки ба гуфтаи худаш дар ҳаракатҳои ҷангӣ иштирок накарда буд. Онҳо соли 2014 баъди убури ду марз вориди Туркия шуданд ва бо ду фарзандашон ба Истамбул омаданд. Бе ягон ҳуҷҷат ба Туркия омадем. Дар он ҷо ҳам ғайриқонуни иқомат оғоз кардем. Дилноз баъди 3 сол пеш ба шавҳараш додани ҳуҷҷатҳояш дигар намедонист онҳо куҷо шуданд.

На пулу на ҳуҷҷат

 Шавҳари Дилноз дар Туркия ришашро тарошид ва дар сохтумоне ба кор даромад. Дар Туркия боз як писари дигар таваллуд шуд ва ӯро низ Абдураҳмон ном гузоштанд. Баъд ӯ боз як духтар бо номи Оиша таваллуд карданд.

Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Зиндагӣ новобаста аз ғайриқонуни будан пеш мерафт, аммо Абдураҳмон бемор шуд. “Дар Туркия хизмати табибон хело гарон аст, духтури хусусӣ моро бе ҳуҷҷат қабул кард. Хизмати якрӯзааш 700 лира ва ё 8 ҳазор рубли русӣ меистод. Вазъи кӯдак хело бад буд. Агар табобат намекардем инашам мегузашт. Шавҳарам гуфт, ки як шиносаш бо номи Али ба ӯ 10 ҳазор доллар барои табобати Абдураҳмон медиҳад”, - мегуяд Дилноз.

Бо як азоб Абдураҳмон ба худ омад, аммо дарҳол Али моро маҷбур кард, ки пулашро баргардонем. Баргардонидаи ин қадар пул бисёр мушкил буд. Шавҳарам ҳамагӣ 600 доллар маош мегирифт. Алӣ бошад пешниҳод кард, ки ба Сурия ба як маҳали нефтбарори ба кор равем.

Новобаста аз надоштани паспорт моро аз марзи Туркияву Сурия гузарониданд. Дар марз шавҳари Дилноз ким кадом як қоғаз нишон додааст ва  онҳоро иҷозаи убур додаанд. онҳо тариқи Раққа ба Миёдин рафтанд. Сардори оила зану фарзандонашро дар як деҳа ҷой карда ба муҳлати ду моҳ барои омӯзиш ба дигар ҷо рафтааст.

Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

“Баъди ду моҳ баргашт ва гуфт ин ҷо ягон хел нефт ва омӯзиш нест.ҳама фанду фиреб. Дар ин ҷо ҳама террористанд”, - мегуяд Дилноз.

Аз он ҷо ба Туркия баргаштан осон набуд. Ким кадом як араб барои онҳоро овардан 8 ҳазор доллар пурсида будааст. Сари ҳар нафар 2 ҳазор долларӣ. “Мо ин хел пули калон надоштем, мо худ барои пулкор кардан омада будем то қарзҳоямонро диҳем. Чӣ кор карданамонро намедонистем. Моҳи октябри соли 2017 як шиноси нав бо номи Абунур омад ва ба шавҳарам гуфт пагоҳ ба кор мебароӣ. Агар вай розӣ намешуд, ҳам ӯ ва ҳам моро мепаронданд. Шавҳарам баромад ва баъди ин дигар барнагашт”, - мегуяд Дилноз.

Баъди якчанд рӯз як марди ношиносе пайдо шуд ва гуфт, ки ӯро ба бевагӣ қабул мекунанд. Шариат 4 моҳу 10 рӯз аъзо гирифтан пешбинӣ мекунад.

“Ту то як муҳлати муайяне аз хона берун баромада наметавонӣ. У ҳақи орою торо додан ва зебо пӯшидан надорӣ. Дар хона менишинӣ ва ба берун намебароӣ”, - фармон дод ин араб.  Ман аз ӯ пурсидам, ки чаро ӯ мурд? Аз куҷо хабари марги ӯро медонӣ? Вай аз телефонаш сурат ва навори паронидан ва чӣ гуна шикастани пои шавҳарамро нишон дод”, - нақл мекунад ӯ.

Дар Бағдод бозгардонии кӯдакони тоҷикро аз Ироқ баррасӣ карданд

Шавҳарашро барои қасди гурехтан кушта будаанд. Ва ба онҳо низ фаҳмонидаанд, ки ҳар касе мехоҳад ба Туркия гурезад  ҷаз0ояш қатл аст. Ҳамин тариқ баъди чанде Абунур омаду гуфт, ки ба дигар хона меравем, “Хонаи бевазанон”, ки дар он ҷо танҳо бевазанон бо кӯдаконашон зиндагӣ мекунанд.

“Агар розӣ намешудам, Худо медонад, ки бо ман ва кӯдаконам чӣ мекарданд”, - мегуяд Дилноз.

Дилноз дар хонаи бевазанон як зани намангонии дигарро бо номи Рабӣ вохӯрд. Рабӣ ба ӯ гуфтааст, ки аз инҷо бар ивази 2 ҳазору 500 доллар сари як одами калон ба Туркия мебаранд. Ҳамин қадари дигар аз ҳамаи чаҳор кӯдак мегиранд. Дилноз ба модараш занг зада вазъиятро фаҳмондааст ва 5 ҳазор доллар пурсидааст. Модари Дилноз 4 ҳазор доллар қарз гирифта ба ӯ фиристодааст.

Гурез аз “Хонаи бевазанон”

Дилноз ба ғайр аз модараш бо кормандони ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон ва минтақа дар алоқа шуда вазъияташро фаҳмондааст. Як шиноси Дилноз, ки ӯ нахост номашро гуяд рақами картаашро додааст, то ки ба он пулро фиристанд. Модар пулро фиристод, аммо як кори аз ҳама мушкил мондааст – ин гурехтан аз “хонаи бевазанон”.  Вай ин имконро интизор шуд ва гурехт аз он ҷо ва дар мошини боркаш онҳоро аз Сурия дар мошини боркаш ба роҳ баромаданд.

Қиссаи фирори Дилноз бо 4 фарзандаш аз “Хонаи бевазанон”-и Сурия

“Дар дохили мошин мисли як сандуқ буд ва ҳамаи мо дар он даромадем. Кӯдаки хурдиямро димедрол додам, то ки хоб кунад ва овозашро нашунаванд. Ӯ ҳамагӣ якуним сола, дигаронаш – 3-сола, 7-сола ва калониаш 11-сола буданд. Маро Абдулло ном як марде, ки бо мо меомад ва кӯдакони ӯ низ бо мо дар он сандуқ ҷой шуда буданд  ёрдам дод”- мегуяд ӯ.

Дар роҳ дам гирифтем, 4 рӯзро дар хаймаҳо гузаронидем. Баъди ин сафари 7 сотата то Идлиб моро интизор буд. Аз Идлиб то Туркия роҳ наздик аст. Аммо мутаасифона дар роҳ Абдуллоро паронданд ва зани ӯ низ бева шуд. Абдулло ба мо ваъда карда буд, ки ба Туркия роҳро ба ман нишон медиҳад, аммо мутаасифона, кӯшта шуд”, - мегуяд ӯ.

Дилноз ахиран бо машаққатҳои зиёд ба Туркия расид. “Дар Туркия дар ҳол ба назди кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафтам ва аз онҳо хоҳиш кардам то маро барои баргаштан ба Узбакистон кумак кунанд”, - нақлашро ба анҷом мерасонад ӯ.

Дар маҳала ӯро хуб қабул карданд, ҳоло кӯдаконаш дар мактаб таҳсил доранд. Дилноз бошад ба ҳамаи кормандони мақотмоти дахлдор миннатдоргӣ баён мекунад.

“Маро нагуфтанд, ки ту аз Туркия, Сурия, Покистон ва ё Афғонистон омадӣ, ту террористӣ. Маро зиндон накарданд, озод гаштаистодам, кӯдаконам дар мактаб таҳсил мекунанд”, - илова кард ӯ.