Дар ин навор аз дохили ҳавопаймо оташгирии қанот ва садои таҳлукаи бархе аз мусофирон сабт шудааст.
“Сӯхта истодаем”, - фарёд мекашад зане. Бархе аз мардон мусофирони дигарро ба оромӣ ва ҳаракат сӯи баромадгоҳ даъват мекунанд.
Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям гардида, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.
Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.