Мақомоти Хатлон: дар вилоят корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таъмиру навсозӣ мешаванд

Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки 37 дарсади ҳиссаи содиротии Тоҷикистонро содироти маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мая – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи 4 майи соли равон дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар ҷаласаи кории Гурӯҳи кории мақомоти вилояти Хатлон “Доир ба амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноаткунонии босуръати кишвар” таҳти раёсати муовини раиси вилоят баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда баррасӣ шуд.

Мақомоти Хатлон тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо ширкати узбакистонӣ корхонаи саноатӣ созад

Зимни ҷаласа қайд карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир соҳибкорон ба таҷдиду навсозӣ ва воридоти таҷҳизоти муосир камар бастаанд.

Инчунин, мақомоти вилоят афзудааст, ки дар давоми соли равон 14 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 429 ҷойи корӣ дар вилоят сохата ба истифода дода хоҳад шуд.

“Ҳоло дар вилоят корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуда, соҳибмулкон таҷхизоти кӯҳнаю фарсударо бартараф намуда, биноҳои корхонаро таъмир ва дастгоҳои ҳозиразамон насбу васл мекунанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол мақомоти вилоят зикр намудааст, ки бо дарназардошти рушди саноат сохтори содиротии вилоят сол аз сол тағйир меёбад.

“Агар солҳои қаблӣ аз вилоят бештар маҳслотҳои кишоварзӣ аз ҷумла пахта истеҳсол ва содирот мешуд, дар солҳои охир содироти маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят беш аз 37 фоизи ҳиссаи содиротии Тоҷикистонро ташкил додааст”, - афзудааст мақомоти вилояти Хатлон.