Сабукӣ ба коргарон: раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба мардум гуфт, имсол ҳам моҳи Рамазон ба фасли гармо рост меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш гуфт, вобаста ба моҳи мубораки Рамазон мехоҳад, масъалаи сабукиҳо дар рӯзадориро таъкид кунад.

Қиматфурӯшӣ баробари худкушист: Раҳмон ба тоҷирон аз оташи сӯзон ҳушдор дод

“Вобаста ба моҳи мубораки Рамазон таъкиди як масъалаи дигарро зарур мешуморам, ки дар фиқҳи ҳанафӣ барои мусулмонон, аз ҷумла ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхӯрдошта, мусофирон, беморон ва барҷомондагон сабукиҳо муқаррар шудаанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар идома аз ояти 195 сураи “Бақара” иқтибос овард, ки “… Хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат наафканед”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Рамазон имсол низ ба фасли гармо рост меояд.

“Шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд, дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд ё ҳатто саломатии онҳо зарар мебинад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд?

Ӯ тавзеҳ дод, ки агар ризқу рӯзии бо заҳмат парваришкардаи марди деҳқон дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, чунин амал боиси ба мушкилоту сахтӣ рӯ ба рӯ шудани рӯзгори мардум, яъне қимат шудани маҳсулот ва ҳатто гуруснагӣ мегардад.

“Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз сураи “Нисо”-и Қуръони маҷид зикр кард, ки фармудааст: “Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст”.

Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

Президент таъкид намуд, ки яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад.

“Яъне рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад”, - шарҳ дод Эмомалӣ Раҳмон.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 6 май фаро расида, 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд.