Шоҳи Таиланд муҳофизашро ба занӣ гирифт - Гузориши аксӣ аз маросими арӯсии ғайриоддӣ

Sputnik

Чанде пеш шоҳи Таиланд Маха Вачиралонгкорн яке аз муҳофизонаш Сутхиде Вачиралонгкорнро ба занӣ гирифт. Онҳо никоҳашонро 1 май дар саломхонаи шоҳи қасри Дусити ба қайд гирифтанд.

Маросими тӯйи шоҳ ва муҳофизаш тибқи қавонин  ва анъанаҳои шоҳона баргузор шуд. Ҳамин тавр, Сутхиде пас аз тӯй маликаи Таиланд гардид. Қайд карда мешавад, ки зан аз тамоми имтиёзҳое, ки унвони шоҳӣ ва анъанаҳои подшоҳӣ медиҳанд, бархурдор шудааст.

Маха Вачиралонгкорн 67 сол дорад. Ӯ моҳи октябри соли 2016 ба тахт ништастааст ва аз пиртарин шоҳзодаҳоест, ки ба унвони шоҳӣ соҳиб шуд. Никоҳ бо Сутхида барои шоҳ чорум аст.

Сутхида 41-сола аст. Ӯ пештар дар ширкати ҳавоии Thai Airways меҳмондор буд.  Соли 2014 Сутхида роҳбари посбонии хонаводаи шоҳзодаи валиаҳд Маха Вачиралонгкорн таъин гардид ва дертар ба мақомҳои баландтар соҳиб шуд.

Ӯ дар соли 2016 ба унвони генерал соҳиб шуд. Пештар низ дар бораи муносибатҳои зан бо шоҳ овозаҳо паҳн шуда буданд, аммо расман радд мегардиданд.

1 / 11
Чанде пеш шоҳи Таиланд Маха Вачиралонгкорн яке аз муҳофизонаш Сутхиде Вачиралонгкорнро ба занӣ гирифт. Онҳо никоҳашонро 1 май дар саломхонаи шоҳи қасри Дусити ба қайд гирифтанд.
2 / 11
Маросими арӯсии шоҳ бо муҳофизаш мувофиқи қонун ва анъанаҳои шоҳигарӣ баргузор шуд. Дар акс: маросими тӯй
3 / 11
Тӯй: ҳамакнун малика ба пойи шавҳараш - шоҳ сар мемонад
4 / 11
Сутхида аз тамоми имтиёзҳои хонаводаи шоҳ бархурдор шуд
5 / 11
Маха Вачиралонгкорн 67 сол дорад ва дар соли 2016 ба тахт нишастааст
6 / 11
Бори чорум аст, ки шоҳ оиладор мешавад
7 / 11
Шоҳ Маха ва малика Сутхида ҳуҷҷатҳои никоҳашонро имзо мекунанд
8 / 11
Яке аз анъанаҳои дигари арӯсии шоҳи 67-сола бо генерали 41-cола
9 / 11
Маросими тоҷгузорӣ дар Бонгок
10 / 11
Тамоми шаҳр ба маросими тоҷгузорӣ омодагӣ мебинанд
11 / 11
Посбонии шоҳ пеш аз маросими тоҷгузории шоҳ Маха Вачиралонгкорн ибодат мекунанд