"Клубника" ё балои ҷон: чаро дар Хуҷанд 9 тонна қулфинайро гӯрониданд

Мақомоти беҳдоштӣ ва ҳам маъмурияти бозори марказии Панҷшанбе хабарҳо дар мавриди заҳролудшавии сокинон аз истеъмоли қулфинайро рад мекунанд, аммо ин иддаои онҳо аз чанд ҷиҳат хилофи назарро ба дунбол дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Масъулони идораи байторӣ-беҳдоштӣ дар Панҷшанбебозор хабарҳои паҳншуда дар мавриди заҳролудшавии сокинон аз истеъмоли меваи қулфнай, ки дар ин бозор ба фурӯш рафтааст, инкор карда, вале тасдиқ мекунанд, ки беш аз 9 тонна чунин маҳсулот бинобар пӯсидаву вайрон шудани таркибаш аз бозор ғундошта дар партовгоҳ гӯронида шудааст.

Заҳролудшавиро пешгирӣ кардем

Ҷасур Ҳотамов, иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи  ташхиси беҳдоштӣ-байтории назди бозори марказии Панҷшанбе мегуяд, ки дар паи санҷиши онҳо дар чанд нуқтаи яклухтфурӯшии маҳсулоти қулфинай маълум шуд, ки ҳолати он ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгуй набудааст. Ин ташхиси онҳо дар субҳи  рӯзи 29 - уми апрел шурӯъ шудааст. 

Ба палав нитрити натрий омехта шудаст: мақомоти Хуҷанд далели марги чор танро эълом кард

"Дар рафти ташхис муайян гашт, ки маҳсулоти қулфинай мағорбаста ва бӯи ғализ дошта, турӯш шудааст. Барои боз ҳам пурра анҷом шудани ташхис мо якчанд намунаи маҳсулотро гирифта, ба бахши фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо дар маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд равон кардем. Дар асоси хулосаи онҳо ҳам маълум шуд, ки дар қулфинай вайроншавӣ ва пӯсиш мавҷуд будааст. Дар он ҷо хулоса доданд, ки барои несту нобуд кардани маҳсулот чораандешӣ шавад. Бинобар пешгирӣ аз заҳролудшавӣ, онҳоро  аз савдо боз дошта, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои марбута ба мошин бор карда, ба партовгоҳ гуронидем", - афзуд Ҷасур Ҳотамов.

Иҷрокунандаи сардори шӯъбаи байторӣ-беҳдоштӣ дар бозори Панҷшанбе хабарҳо дар мавриди заҳролудшавии сокинон аз маҳсулотро рад карда, мегуяд, ки онҳо саривақт кор бурда, аз фурӯши ҳамчунин маҳсулоти аз лиҳози беҳдоштӣ ғайри қобили талаботро пешгирӣ намудаанд.  Ӯ мегуяд, харидорон ҳам бояд дар вақти хариди маҳсулот ба сифат ва ҳуҷҷати дорои талаботи санитариро аз фурӯшандаҳо талаб кунанд.

Маҳсулоти заҳролуд: марги як кӯдаки тоҷик пас аз истеъмоли ҳасиб

Қулфинайи пӯсида як рӯз дар савдо монд?

Аммо масъулини бозори Панҷшанбе мегуянд, ки ғункунии маҳсулоти қулфинай аз бозор дар рӯзи 1 - уми май сурат гирифтааст. Ғанӣ Почоев, раиси соҳибкорони бозори Панҷшанбе мегуяд, қулфинайе, ки шаби 29-ум ба бозор ворид шуд, чанд рӯз дар роҳи Хуҷанд –Душанбе банд монда ва таркиби он вайрон шудааст.

"Рӯзи 1-уми май маълум карда шуд, ки маҳсулоти шабона воридшудаи қулфинай ба бозор, бинобар банд шудани ҳаракати роҳи Душанбе –Хуҷанд вайрон шудааст. Ҳамаи онро, ки 9, 598 тоннаро ташкил медод аз фурӯш боздошта ва ба мошинҳо бор карда бурда ба партовгоҳи махсуси шаҳр гуронидем”, - гуфт Ғанӣ Почоев.  

Аммо дар ҳоле мақомоти байторӣ-беҳдоштӣ ва ҳам масъулини бозор аз боздошти қулфинайи пӯсида ва мағорбастаи ғайриқобили талабот мегуянд, ки дар ин авохир хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз заҳролудшавии сокинон ба вижа атфол зиёд чарх мезаданд. 

"Клубника" ё балои ҷон: чаро дар Хуҷанд 9 тонна қулфинайро гӯрониданд

Заҳролудшавиро баъзеҳо тасдиқ мекунанд

Заминаи пайдоиши ҳамчунин хабарҳоро ҳоло иддае аз худи қулфинайфӯрӯшони бозорҳои Суғд тасдиқ мекунанд. Баъзе аз фурӯшандаҳо дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд мегуянд, кори як ду фурӯшандаи беинсоф, набояд номи ҳама фурӯшандаҳои бозорро назди хариддорон  бад созад.

Ҳоло аз ин, ки масъулин хабарҳои заҳролудшавӣ аз қулфинайро такзиб намуда, аммо  гуронидани беш аз 9 тонна ин маҳсулоти пусидашударо тасдиқ мекунад, ин савол бе ҷавоб мемонад, ки чаро ҳамчунин санҷиши ташхисӣ сари қулфинай сурат гирифт ва он ҳам як рӯз баъд аз воридкунӣ ба бозор гуронида шуд?