ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатии худ ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (Русия), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO ба муҳлати се сол иҷозатнома дод.
Бонки миллӣ идораи низоми пардохтро муваззаф намудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилоти номбурда сабти дахлдор ворид намояд.
“Айни замон, НП “BLIZKO” бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба амалигардонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб бо 3 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, фаъолияти худро дар самти интиқоли маблағҳо идома дода истодааст”, - таъкид намудааст БМТ.