Аз мошин даст кашед ба дучарха гузаред: Кумитаи ҷавонон ҳамоиши дучархаронӣ эълон кард

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш намудааст, ки барои як рӯз аз истифодаи мошинҳои шахсӣ даст кашанд ва аз дучархаҳо истифода намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik.  Рӯзи 5 майи соли равон дар кишвар ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи дучархаронӣ” доир карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир карда мешавад.

Раиси Хуҷанд ба духтари маъюб Меҳрона Атомуллоева дучарха туҳфа кард

Манбаъ қайд намуд, иқдоми мазкур соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон бо мақсади оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди навъи дучархаронӣ дар кишвар баргузор мегардад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки иқдоми мазкур дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар 23 май таҷлил мешавад роҳандозӣ карда шудааст.

“Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама интихоби тарзи ҳаёти солим буда, аз тамоми сокинони кишвар, эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин рӯз аз автомашинаҳои сабукрав ва воситаҳои нақлиётии ҷамъиятӣ даст кашида, аз дучархаҳо истифода намоянд”, - зикр намудааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.