Путин гирифтани шаҳрвандиро барои бархе аз атбои Афғонистон, Сурия ва Ироқ осон кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо имзои як фармон гирифтани шаҳрвандии кишварашро барои бархе аз атбои хориҷӣ осон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи фармони Путин, гуруҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ ва Сурия ҳаққи дархости шаҳрвандӣ бо шеваи содагардонидашударо пайдо намуданд.

Додгоҳи Хабаровск зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард

Ба гуруҳ, шаҳрвандони Афғонистон, Сурия, Яман ва Ироқ шомил мешаванд, ки дар гузашта дар Русияи Шӯравӣ таваллуд шудаанд, ё шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро доштаанд.

Чунин ҳуқуқро инчунин бозмондаҳои ихроҷшудаҳо аз Қрим низ пайдо кардаанд.

Қаблан Путин фармони содасозии гирифтани шаҳрвандӣ барои сокинони навоҳии Луганску Донетски Украинаро имзо намуда буд. Ба иддаои Путин ин иқдом бо ҳадафҳои башардӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои сокинони Луганску Донетск роҳандозӣ шудааст, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Киев дар муҳосира қарор дода шудаанд.