Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикистонӣ аз Ироқ ба Ватан баргардонда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ Тоҷикистон, муайян карда шуд, ки дар маҳбасу марказҳои нигоҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Розигии модар, 400 доллар ва қарори суд: вазир дар бораи овардани кӯдакон аз Ироқу Сурия

“Дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд”, - тавзеҳ дод ВУХ.

Манбаъ афзуд, 30 апрел 84  кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

“Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба ҳамаи ниҳодҳо изҳори сипос менамояд”, - таъкид кардааст ВУХ.

Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Ин ниҳод афзуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи узви “ДОИШ” ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии  Ҳукумат қарор дорад.