Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба беш аз 10 ҳазор оилаи ниёзманд кумак мерасонд

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд кумаки хайриявии маводи хӯрокӣ мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар асоси дастури Ҳукумати Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявии маводи хӯрокӣ дастрас менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҷамъият.

Дар Душанбе фаъолияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баррасӣ шуд

Тавре Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  қайд намудааст, кумакҳои мазкур танҳо ба оилаҳои ниёзманд расонида хоҳад шуд.

“Кумаки мазкур 50 кило орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кило биринҷ, 3 кило шакар, 3 кило макарон, 3 кило лӯбиё, 3 кило нахӯд ва дигар маҳсулоти хӯрокиро дар бар мегиранд”, — таъкид намудааст манбаъ.

Кумакҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Вахш ва Панҷ равона карда шудаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки оғози тақсимоти кумакҳоро 27 апрели соли равон аз ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ мондааст. То 10 майи соли равон тибқи нақшаи муқарраргардида, кумакҳои башардўстона ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсаднок дастрас карда мешаванд.