Дар Душанбе ду мусобиқаи байнулмилалӣ доир ба теннис баргузор мегардад

Дар пойтахти Тоҷикистон аз 5 то 18 май ду мусобиқаи байнулмилалӣ доир ба теннис баргузор мегардад, ки дар он наздик ба 300 теннисбозон аз 40 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе аз 5 то 18 май ду мусобиқаи байнулмилалӣ доир ба теннис – “Тоҷикистон опен” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасону духтарони синни то 18-сола баргузор мегардад.

Дар ин бора Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар додааст.

Барои дарёфти ҷоми раисҷумҳур: дар Душанбе сабқати байналмилалии теннис баргузор мешавад

Манбаъ қайд намудааст, ки мусобиқаҳо дар майдонҳои тенниси Варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқаҳои мазкур иштироки наздики ба 300 теннисбозон аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Лаҳистон, Узбакистон, Бритониё, Русия, Эрон, Латвия, Швейтсария, Австрия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Эстония, Исроил, Италия, Гурҷистон, Украина, Франсия, Сурия, Белгия,  Туркия, Канада,  Испания, Булғористон, Таиланд, Олмон, Юнон, Чехия, Беларус,  Тунис, Шри-Ланка, Руминия, Арманистон, Қирғизистон, Гонконг, Зеландияи Нав, Сербия, Зимбабве, Тайбэйи Чин, ИМА ва Нидерланд дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо байни наврасон Мараматшо Аёмбеков, Хушбахт Каримов, Саддам Ҳусейн, Исом Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Бахтиёр Исроилов, Ромеш Музаффарӣ, Шоҳҷаҳон Акрамалиев, миёни духтарон – Наргиза Яҳёева, Диана Иванихина, Комила Урумбоева ва Меҳрона Қараева намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаи Tajiristan Open 10 май ба анҷом расида, баъди он а 11 то 17 май мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсия - Fed Cup – мусобиқаи бузурги даставӣ дар тенниси занона оғоз мегардад.