"Бе ситора нестам": нашри китоби нави Зулфия Атоӣ

"Бе ситора нестам"-таҳти ин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ дар нашриёти «Истеъдод» бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ нашр шуд, дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки китоби мазкур аз назму наср иборат буда, дар боби аввали он «Ба ҷои сарсухан» пораҳое аз мукотиботи устод Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Усмон Назир, Ҳамроқул Шодиқулов оварда шудааст.

Дар китоб шеърҳои нав, ҳикояву резаҳикоя, ёддошту хотираҳо, маводи адабию журналистӣ ва назмӣ доир ба шахсият ва эҷодиёти адиба гирд оварда шудаанд. 

"Китоб аз он сабаб «Бе ситора нестам…» унвон гирифтааст, ки нахуст, ситораи ҳамноми шоира дар кайҳон –«Ахтари зулф» зери назар аст. Дуввум, муаллиф гуфтан мехоҳад, ки ман бо ситораам, яъне хушбахт ҳастам", - омадааст дар оғози китоб.

Ситорае дар кайҳон ба номи адиби тоҷик "Зулф" гузошта шуд

Пештар хабар дода шуд, ки ситорае дар кайҳон ба номи адиби тоҷик "Зулф" гузошта шуд.

Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайраҳо тарҷума шуда, интишор ёфтаанд.

Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба Институти адабии ба номи М.Горкий дар шаҳри Москва рафт ва дар бахши назм таҳсилро давом дод.

Соли 1977 баъди хатми Институти адабии ба номи М. Горкий ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") бо кори рӯзноманигорӣ машӻул гашт. Ӯ аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи "Занони Тоҷикистон" (ҳоло "Фирӯза") ба ҳайси мудири шӯъба: аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи "Омӯзгор" ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст.

Нашри китоби вакилон – Маҷидзода, Холиқзода ва Одиназода дар бораи амният

Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Ӯ аз соли 1993 то имрӯз сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон "Фирӯза аст.

Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ ва қирғизӣ  тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд. Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ӯ "Ғамро намефурӯшанд" ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дуввуми дуҷилдаи "Зулфи парешон" гирд омадаанд.

Дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишварҳои Эрон, Покистон, Русия, Украина, Голландия, Олмон, Гурҷистон, Америка, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва ғайраҳо сафари эҷодӣ анҷом додааст.

Зулфиа Атоӣ аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 2005 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи

Абулқосим Лоҳутӣ ва  соли 2010 ба ифтихори комёбиҳо дар адабиёт бо унвони олии адабии Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудаастсазовор дониста шуда буд.

Ӯ оли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия бо ордени "Дили Данко" сазовор донистаанд. Ҳамчунин узви ифтихори Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст. Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.