Панҷ ҷои 5-уми куштигирони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё дар Чин

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 23 то 28 апрел дар шаҳри Сиани Чин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар куштии озод ва юнонӣ-римӣ баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумита, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштии тарзи озод дар ҳайати 9 нафар – Ҳикматулло Воҳидов – 57 кило, Ҷамшед Шарифов - 61кг, Абдулқосим Файзиев - 65кг,  Сорбон Абдулҳаев - 70кг, Ғуломҷон Шарифов - 74кг, Аъзамҷон Юсуфов - 79кг, Баҳодур Қодиров - 86кг, Искандари Рустам - 97кг, Фарҳод Анақулов  дар вазни 125 кило иштирок карданд.

Ду медали Тоҷикистон аз чемпионати Осиё дар риштаи каратэ

Манбаъ афзуд, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ 5 нафар – Исломиддин Мазитов - 63кг, Мубинҷон Ахмедов - 67кг, Ҳабибҷон Зуҳуров - 72кг, Суҳроб Абдулҳаев - 82кг, Тоҳирҷон Охонов - 87кг дар чемпионат иштирок карданд, вале натавонистанд медал ба даст оваранд.

Кумитаи миллии олимпӣ таъкид кард, ки натиҷаи беҳтарро миёни куштигирони тоҷик Ҳикматулло Воҳидов, Ҷамшед Шарифов, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов ва Тоҳирҷон Охонов нишон доданд, ки дар вазни худ ҷои панҷумро ишғол карданд.

Дар Чемпионати куштии Осиё  бо иштироки варзишгарон аз 23 давлати қора, Эрон бо 11 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввал, Чин бо 5 медали тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ ҷои дуюм, Ҷопон бо 4 медали тилло, 6 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.