Овозхон аз Душанбе дар озмуни "Песни" ба марҳилаи навбатӣ гузашт

Кирил Медников, овозхони ҷавон аз Душанбе дар озмуни “Песни” дар шабакаи иҷтимоии “ТНТ” ба марҳилаи дигар роҳ ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Медников дар марҳилаи интихоби аъзои тим аз сӯи доварон, суруди эҷодкардааш “"Anasthesia"-ро иҷро кард.

Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот

Рэпер Баста, ки баробари ҳампешааш Тиматӣ дар ин барнома барои худ тим интихоб мекард, аз Медников ҷонибдорӣ намуд.

Дар марҳилаи пешӣ овозхони ҷавони тоҷикистонӣ дар гурӯҳи 10-ум ба саҳна баромада, суруди "Глупый ветер"-ро ба забони русӣ сароид, ки матн ва оҳангашро худаш эҷод кардааст.

Озмуни ҳунарии "Песни" чанд моҳ боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун  овозхонон аз гӯшаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда, ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд.

Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star мебошад.