Назарзода: КҲФ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб аҳамияти хос медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дурнамои ҳамкориро бо намояндагони муссисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.  Рустам Назарзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо ҳайати муассисаи хайрияи  ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард.

Зимни мулоқот тарафҳо,  раиси КҲФ ба  ҷаноби ба роҳбари ин муассисаи хайриявӣ Ҳамад Солим ал-Амрӣ дар бораи самтҳои фаъолият ва шеваҳои кори ниҳод, сохтор ва воҳидҳо, ҳамчунин корҳои анҷомгирифта ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо шарҳ дод.

Рустам Назарзода масъалаи омӯзиши мутахассисони КҲФ ҶТ дар Русияро баррасӣ кард

“Дар ҳузури ҳайати муассисаи хайрияи  ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯнамоии баъзе тарҳҳо баргузор шуд”,- қайд намуд манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки сафари ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ин марҳилаи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.