ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати Осиё дар риштаи каратэ – “WKF” миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола 26-28 апрел дар шаҳри Кота Канабалуи Малайзия доир гашт.
“Дар чемпионат 409 варзишгар - 120 нафар миёни наврасон, 135 нафар миёни ҷавонон, 154 нафар миёни ҷавонони то 21-сола аз 31 давлати қора иштирок карданд”, - иттилоъ дод Кумита.
Манбаъ афзуд, Тоҷикистонро 6 варзишгар - Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров миёни то 17-солаҳо ва Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳоб Шаропов миёни то 21-солаҳо намояндагӣ карданд.
Медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Асадбек Фаттоев дар вазни то 68 кило ва Умед Сафаров дар вазни то 76 кило миёни ҷавонони то 17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни то 61 кило ҷои 7-умро ишғол кард.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод, ки дар вазни то 55 кило ҷои панҷумро ишғол кард.