ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаи 20-сола 27-уми апрели соли 2019, тахминан соати 23:00, дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор бо марди 37-солаи сокини деҳаи Муъминободи шаҳри мазкур ҷанҷол кардааст.
Манбаъ афзуд, ки зимни муноқиша муттаҳами ҷавон ба марди 37-сола дарафтода, бо корд як бор ба қисми пеши гардан ва 5-6 маротиба ба қисми пушти гарданаш зарба задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД Тоҷикистон.
Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан парвандаи ҷиноӣ алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми сӯиқасди куштор оғоз шуда, тафтиш идома дорад.