Неймар мухлисро мушт зад: пас аз шикаст аз тими "Ренн"-видео

Ҳодиса пас аз маросими туҳфасупорӣ дар майдони "Стад де Франс", пас аз шикасти дастаи Неймар "Пари Сен Жермен" аз тими Ренн, ба вуқӯъ пайваст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар YouTube наворе пахш шудааст, ки дар он футболбози номӣ Неймар мухлисеро мушт мезанад.

Ҳодиса пас аз маросими туҳфасупорӣ дар майдони "Стад де Франс", пас аз шикасти дастаи Неймар "Пари Сен Жермен" аз тими Ренн ба вуқӯъ пайваст.

Дар навор дида мешавад, ки Неймар мухлисро мушт зада роҳашро идома медиҳад.

 

Ба иттилои "Известия" Неймар бо дасташ камераи телефони ҷавонро пӯшиданӣ мешавад ва даъват мекунад, ки ба навор нагирад..., пас аз ин ҷанҷол сар мезанад.

Вақти асосии бозии миёни "Пари Сен Жермен" ва "Ренн" мусовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Аз дастаи "Ренна" Эдсон Мешер, гол заду аз ПСЖ Дани Алвес ва Неймар.

Як голи дигар ҳимоятгари клуби Порис, Преснел Кимпембе ба дарвозаи худ ворид кард.

Дар қисми пеналти бошад "Пари Сен-Жермен" бо ҳисоби 5:6 шикаст хурд.