Фаврӣ: сӯхтор дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча"-видео

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Қирғизистон, сӯхтор соати 14:55 сар задааст. Ба ҷои ҳодиса ду адад мошини сӯхторхомушкунӣ равон карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Қароргоҳи давлатии "Ала-Арча"-и Қирғизистон оташ гирифт. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар постгоҳи №5 дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

 

Хабарнигори Sputnik аз ҷои ҳодиса менависад, ки ба қароргоҳи давлатӣ, ду адад мошини оташхомушкунӣ ворид шуданд. Қайд мешавад, ки яке аз мошинҳо бо наҷотдиҳандагони МЧС ҳозир шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ сӯхтор дар сохтмоне ҷанубтар аз бинои асосии қароргоҳи давлатӣ, ҷое, ки дидорҳои расмӣ баргузор мешавад, оташ гирифтааст.