Раҳимзода барои занон-кормандони ВКД кошонаи ҳусн ифтитоҳ кард

Занон-кормандони ВКД гуфтанд, ки минбаъд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ мемонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Рӯзи 25-уми апрел дар Вазорати корҳои дохилӣ ошхонаи наву замонавӣ ва кошонаи ҳусн ба истифода дода шуд. Бинои нави ошхонаи ВКД дар шафати бинои асосӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, барои 200 нафар кормандони милитсия дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад.

Дар маросими кушодашавии бинои мазкур вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Раҳимзода Рамазон, сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ширкат намуданд.

Раҳимзода ба донишомӯзони Леваканд кумакпулӣ тақдим кард

Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро ба муносибати ифтитоҳи ошхонаи хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо шароитҳои хуби хизматрасонӣ табрик намуда, қайд кард, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо самараи истиқлолияти кишвари азизамон буда, маҳз дар заминаи ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. 

"Ҳар як корманд дар баробари ин ҳама ғамхориву дастгирӣ бояд аз худ маҳорати баланди касбӣ ва садоқату масъулияти ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон нишон диҳад",-гуфт Раҳимзода.

Илова бар ин дар Вазорати корҳои дохилӣ барои корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ як кошонаи ҳусн муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Раҳимзода барои занон-кормандони ВКД кошонаи ҳусн ифтитоҳ кард

Манбаъ афзуда, ки милиса-занон аз ин иқдом хушнуд гардида, иброз доштанд, ки минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ мемонанд.