ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", Азиз Набизода муовини раиси Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтааст, феълан дар ин масир ширкати давлатии Тоҷик Эйр фаъолият намекунад ва ширкати Сомон Эйр низ барои анҷоми ин парвоз ҳавопаймо надорад.
Гуфта мешавад, Барои парвоз дар ин масири 500 километрии кӯҳистонӣ бояд аз ҳавопаймои хурде монанди Антонов 28 истифода шавад, ки пештар низ ширкати давлатии Тоҷик Эйр аз ин ҳавопаймо барои интиқоли мусофирон аз Душанбе ба вилояти Бадахшон истифода мекард.
"Танҳо ин ҳавопаймо метавонист масири ҳавоии Душанбе ба Хоруғро ба муддати парвози 1 соату 15 дақиқа, ки аз печидатарин роҳҳои ҳавоии ҷаҳон ба ҳисоб меояд, тай кунад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Аммо дар ҳоли ҳозир қарзи молии ин ширкат ва дарёфти дубораи иҷозати парвозҳои он ҳал нашудааст.
Бо манъи парвозҳои Ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷик Эйр дар моҳи декабри 2018 тамоми кормандони он ба рухсати бемаош рафтаанд.
Мушкилоти ширкати Тоҷик Эйр замоне шиддат ёфт, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд, ки мавзӯъи харидории як ҳавопаймои Боинг 767 қиматтар аз нархи воқеии онро аз суйи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон , равшан шудани моҷарои се моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сухтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шуд.