Микрофонро аз дасти Жээнбеков гирифтанду ӯро пеш карданд-видео

Жээнбеков хост дар тазоҳуроти зидди истихроҷи уран суханронӣ кунад, вале ширкаткунандагон баландгӯякро аз дасташ гирифта ӯро пеш карданд ва ба сиёсатмадор гуфтанд, ки дар ҳошияи мушкилот худро намоиш надиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 26 апрел зидди коркарди конҳои уран эътироз баргузор шуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Эътирозгарон талаб доранд, ки иҷозатномаи ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" барои коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл бозхонд ва ба коркарди уран дар саросари кишвар моратория эълом шавад.

Ширкатдорони эътироз ҳамчунин талаб карданд, онҳое, ки ба коркарди уран иҷозатнома додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар тазоҳурот беш аз 150 кас ширкат кард.

 

Эътирозгарон яке паси дигар бо баландгӯяк талаботи худро ироа мекарданд.

Дар ин миён, вакили парлумон Равшан Жээнбеков низ микрофон ба даст гирифта ба сухан даромад. Вале ширкаткунандагони тазоҳурот баландгӯякро аз дасташ гирифта, гуфтанд, ки дар ҳошияи мушкилот худро намоиш надиҳанд.

Онҳо нагузоштанд, ки сиёсатмадор сухан бигӯяд. Дар охир Жээнбеков тазоҳуротро тарк кард.