Даргузашти ҳунарпешаи ИҶШС Элина Бистритская

Элина Бистритская пас аз бемории сангин дар синни 92-солагӣ дар шуъбаи эҳёи беморхона ҷон дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳунарпешаи машҳури ИҶШС Элина Бистритская даргузашт. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба мудири Театри хурд Тамара Михайлова хабар медиҳад.

Бистритская пас аз бемории сангин дар беморхона ҷон дод. Ҳунарпеша дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт.

Марсими видоъ бо ҳунарпеша дар Театри хурд рӯзи 29 апрел баргузор хоҳад шуд. Ҳамкорони ҳунарпеша умед доранд, ки ҷасади ӯ дар гӯристони "Новодевиче" ба хок супурда шавад. Санаи дақиқи видоъ бо ҳунарпеша, баъдтар маълум хоҳад шуд.

Даргузашти сарояндаи ҷавон Юлия Началова

Даргузашти қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон оид ба ҷудо дар синни 24-солагӣ

Элина Бистритская дар Украине ба дунё омадаву Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи И. К. Карпенко-Карогоро дар Киев хатм кардааст.

Даргузашти бойтарин зани Русия, саҳмиядори S7, дар суқути ҳавопаймо

Ӯ дар Театри драммавии Вилнюс ва театри драммавии ба номи А.С. Пушкин фаъолият карда, соли 1958 ҳунарпешаи Театри хурд шудааст.

Даргузашти "арӯс"-и Ҷеймс Бонд

Машҳуртарин нақши Элина Бистритская дар синамо-Аксиня дар филми "Тихий Дон" буда, аввалин нақши ӯ дар синамо пизишки ҳарбӣ дар филми "В мирные дни" буд.