Раиси Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдат мусобиқа ташкил мекунад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” баргузор шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар мусобиқаи кушоди варзишӣ кормандони кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок мекунанд.

Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

Манбаъ афзуд, ки қувваозмоиҳо дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 апрел то 25 июни соли 2019 сурат мегиранд.

Рустами Эмомалӣ  Сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, ки барои дастгоҳи раис  60 ҳазор сомониро ҷудо намояд.

Раиси Душанбе  мақомоти умури дохилӣ, амнияти милллӣ ва тандурустиро вазифадор кардааст, ки дар ҷараёни мусобиқа тартибот ва хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”-ро таъмин намоянд.