Дилшод Назаров қаҳрамони Чемпионат Осиё-2019 шуд

Варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76.14 метр ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумита олимпии Тоыикистон.

Дилшод Назаров ба финали мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфт

Манбаъ афзудааст, ки дар даври финали мусобиқаи гурзандозӣ 12 нафар иштирок карданд. Аз ин мицдор варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ бо натиҷаи 73.76 метр ҷои дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Узбекистон бо натиҷаи 72.86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё мебошад. Ӯ қаблан солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта, ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад. Дилшод Назаров, инчунин, 3 маротиба дар Бозиҳои Осиё ғолиб омадааст.  

Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, Ҷопон бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.