Қатори зиреҳпӯш, лимузин ва муҳофизони даванда: сафарҳои хориҷии Ким Чен Ин

Sputnik

Қарор аст мулоқоти роҳбарони Русияву Куриёи шимолӣ дар Донишгоҳи федералии шарқи дури Русия сурат бигирад.

Кормандони амният бехатарии ҳудуди донишгоҳи мазкурро барои омадани меҳмони олиқадр пурзур намуданд. Муҳофизон шахсони бегонаро намегузоранд наздик шаванд ва воридшавӣ ба донишгоҳ танҳо бо рӯйхати мувофиқашуда иҷозат аст.

Куриёи Шимолӣ дигар силоҳи ҳастаӣ озмоиш намекунад

Бояд қайд намуд, ки чораҳои амниятие, ки роҳбари Куриёи Шимолӣ дидааст тааҷубовар аст ва дар ягонҷои дунё дида намешавад.

Дар хидмати Ким Чен Ин беш аз 120 ҳазор муҳофиз, қатори зиреҳпӯш, лимузини сиёҳ, ротаи тонкии махфӣ, чаҳор доираи муҳофизон ва муҳофизони яккачин мебошанд.

Шояд ҳамин чораҳои амнияти будааст, ки хонадони Кимҳо солҳои тулонӣ қудратро дар кишвар дар дасти худ нигоҳ доштанд.

Тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон аз сафарҳои хориҷии Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ.   

1 / 10
Хайрухуши Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ аз панҷараи қатори зиреҳпӯшаш
2 / 10
Басташудани роҳҳо Пекин, зимни сафари роҳбари Куриёи Шимолӣ ба Чин. Ким Чен Ин ба мулоқоти Си Ҷин Пин шитоб дорад
3 / 10
Қатори зиреҳпӯши Ким Чен Ин
4 / 10
Хайрухуши Ким Чен Ин аз дохили ҳавопаймои шахсӣ бо сиёсатмадрони Чин
5 / 10
Роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳамсараш Ри Сол Чу дар дохили лимузини шахсӣ
6 / 10
Пешвози Ким Чен Ин ва ҳамсари ӯ Ру Сол Чу дар фурудгоҳи байналмилалии Пхенян
7 / 10
Роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ва раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ ин
8 / 10
Убури қатори зиреҳпӯши роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин аз пули Дӯстии Куриёи шимолӣ ва Чин
9 / 10
Давидани муҳофизон аз пушти худрави роҳбари Куриёи Шимолӣ
10 / 10
Пешвози Ким Чен Ин дар истгоҳи қатории Донг Данг