ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ширкати “Узбакистон темир йӯллари” (“Роҳи оҳани Узбакистон”), бунёди мактаби мазкур дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд то охири соли равон пурра бан анҷом мерасад ва мавриди истифода дода мешавад.
Ширкат хабар додааст, ки феълан дар сохтмони мактаб 10 адад техника ва 150 нафар машғули кор мекунанд, ва то имрӯз бинои мактаб бунёд шуда, ҳоло корҳои таъмири дохили бино ва насби хатҳои барқӣ идома дорад.
Инчунин, барои таъмини мактаб бо гармӣ ва об истгоҳи насосӣ ва маркази гармирасонӣ бунёд хоҳад шуд.
Сохтмони мактаби нав барои 630 хонанда дар ноҳияи Спитамени Суғд барномаи ҳукумати Узбакистон аст, ки дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе мувофиқат шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки пештар Тоҷикистон низ эълон карда буд, ки дар шаҳри Самарқанди Узбакистон барои 640 нафар мактаб сохта, барои истифода дар ихтиёри мақомоти он кишвар хоҳад гузошт.