Дилшод Назаров ба финали мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфт

Даври интихобии қувваозмоии гурзандозӣ шоми   23 апрели соли равон  миёни 17 варзишгари 11 давлати қора баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ба даври финали мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, роҳхат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ду мансаби нави Дилшод Назаров

Даври интихобии қувваозмоии гурзандозӣ шоми   23 апрели соли равон  миёни 17 варзишгари 11 давлати қора баргузор гардид. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи  71.46 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол намуд. Натиҷаи аз ӯ беҳтарро варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ (74.92) нишон дод.

Бояд зикр кард, ки дар ин намуди қувваозмоӣ аз миёни 17 нафар 12 нафар дар даври финалӣ, ки шоми имрӯз – 24 апрел баргузор мешавад, барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 ва қаҳрамони чоркаратаи Осиё (2009, 2013, 2015, 2017), барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад.