Овозхони машҳур-МакSим ба садамаи нақлиётӣ афтод-акс

Садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ ба вуқӯъ пайваст. Овозхон ба наворгирии намоҳанги нав шитоб мекард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи Русия Марина Абросимова, ки бо номи МакSим машҳур аст, ба садамаи мудҳиш афтод.

Дар ин бора РИА Новости бо такя ба менеҷери сароянда-Маргарита Соколова хабар медиҳад.

Ба гуфти Соколова Максим дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ ба садама дучор шудааст. Ӯ барои аз ҳавопаймо дер намондан шитоб карда ба садама афтидааст.

Менеҷери Максим ба шабакаи "Звезда" гуфтааст, ки дар паи садама ягон узви бадани сароянда нашикастааст, вале захмҳои вазнин бардоштааст.

Аз ҷумла дар пойҳо ва дигар узви баданаш паи латхӯрӣ аён аст.

"Ба зиндагии сароянда ягон чиз таҳдид намекунад. Барои сиҳатшавии ӯ пизишкон кӯшиш доранд ва ҳамаи кори аз дасташон омодаро анҷом медиҳанд. Ҳолаш хуб аст, умед дорам, ки пас аз чанд рӯзи табобат сароянда худ ин воқеъаро шарҳ хоҳад дод",-гуфт Соколова дар суҳбат бо РИА Новости.

МакSим пас аз иҷрои сурудҳои "Трудный возраст" ва "Нежность", соли 2005 миёни мардум шуҳрат пайдо кард.