Милисаи тоҷик дар Абу-Дабӣ соҳиби медали нуқра гардид

Курсанти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар Қаҳрамонии ҷаҳон сазовори медали нуқра гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Рӯзҳои 21-22-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб аз намуди варзиши ҷиу-ҷитсу Қаҳрамонии ҷаҳон баргузор гардид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобика курсанти курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Назарзода Маъруфҷон низ ширкат кардааст.

"Назарзода, дар вохӯрии ниҳоӣ аз паҳлавони Қатар Ибраҳим Бухазза бо ҳисоби 0:0 бо бартарияти "фаъол" шикаст хӯрда, сазовори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон гардид",-омадааст дар хабарнома.

Як-ду иштибоҳ кардам: "иқрор"-и Комроншоҳ дар бораи чанд ғалат дар Қаҳрамонии Осиё

Пештар хабар дода шуд, ки варзишгарони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рӯзи сеюми Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, сазовори ду медали нуқра гардиданд.

Се варзишгари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол карданд ва мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар карданд.

Варзишгарони дигари мо Акмал Муродов дар вазни -81кг баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Арабистони Саудӣ Ҷобир Алҳазрӣ, дар даври дуюм аз варзишгари Чин Ласай Жа шикаст хурд. Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг дар даври аввал аз намояндаи Покистон Ҳусайн Шоҳ мағлуб гашт.