Ваъдаи мухолифат ва кумак: вокуниши Порошенко ба пирӯзии Зеленский

Пётр Порошенко, раисиҷумҳури феълии Украина дар пайи эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раисиҷумҳур шикасти худ ва пирӯзии рақибаш Владимир Зеленскийро эътироф кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Порошенко дар пайи эълони натиҷаҳои муқаддамотӣ гуфт, дафтари раисиҷумҳурро тарк мекунад, аммо аз сиёсат намеравад. Ӯ таъкид намуд, ки тимаш сиёсат ба сӯи ҳамгироӣ бо Аврупоро ҳимоят хоҳад хоҳад кард.

"Хаста шудам": Украина президенти навашро интихоб кард-Владимир Зеленский

Раисиҷумҳури феълӣ илова намуд, ки Зеленский дар мақоми президентӣ мухолифини қавӣ хоҳад дошт. Дар баробари ин Порошенко гуфт, омода аст, ба Зеленский дар марҳилаи то оғози расмии кор дар мақоми роҳбари давлат барои шиносоӣ бо вазъи кор, умури байналмилалӣ ва шарикон кумак кунад.

Дар интихоботи раисиҷумҳури Украина рӯзи 21 апрел ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор-Владимир Зеленский президенти нави Украина интихоб шуд

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот аз ҷониби exit poll Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

Тибқи гузориши exit poll ба ҷонибдории Зеленский 72,7 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раисҷумҳури кунуниро танҳо 27,3% украиниҳо дастгириӣ карданд.

Фаврӣ: пешсафии дубораи Зеленский дар интихоботи президентии Украина

"Зеленский – 72,7% овоз, Порошенко – 27,3%,", - натиҷаҳои интихобот тибқи гузориши exit poll шабакаи "1+1".

Ҳамин тавр дар шарқи  Украина ҳунарпешаро 88% аҳолӣ ва раисҷумҳури кунуниро 12% мардум дастгирӣ кард.

Дар ғарби кишвар ба ҷонибдории Зеленский  56%, ба тарафдории Порошенко бошад - 43,6% овоз доданд.

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

"Ваъда медиҳам, ки ҳич гоҳ шуморо пушаймон намекунам",-гуфт Зеленский.

Ҳунарманд қайд кард, ки пирузиро тамоми Украина ба даст овард. Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки табъаш болида ҳаст, вале монда шудааст.

"Ҳолам хуш аст, вале агар росташро гӯям, мехоҳам каме истироҳат кунам",-гуфт Зеленский.