"Мо якҷо пирӯз шудем!": Зеленский президенти Украина шуд-видео

Владимир Зеленский аз ҳизби "Слуга народа" (Хизматгори халқ) дар даври дуюми интихоботи президентии Украина 73% овозҳоро аз худ кард
Sputnik

Номзад ба мақоми президентии Украина, Владимир Зеленский бо гирифтани 73,18% овоз аз рақибаш пеш гузашт, хабар медиҳад Комиссияи марказии интихоботӣ.

"Мо инро ҳамроҳ кардем!", - изҳор дошт Зеленский пас аз интихобот.

Фаврӣ: пешсафии дубораи Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Ба ҷонибдории президенти кунунии кишвар Петр Порошенко  24,49% интихобкунандагон овоз доданд.

Ваъдаи мухолифат ва кумак: вокуниши Порошенко ба пирӯзии Зеленский

То ин дам  90,25% протоколҳо коркард шудааст.

Гуфта мешавад, ки то ҳол ягон номзад аз ҷониби интихобкунандагон чунин дастгирии амиқ наёфтааст.

Даври дуюми интихоботи президентии Украина рӯзи 21 апрели соли 2019 баргузор шуд.

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

"Ваъда медиҳам, ки ҳич гоҳ шуморо пушаймон намекунам",-гуфт Зеленский.

Ба ситоди интихоботии Владимир Зеленский пулис омад

Ҳунарманд қайд кард, ки пирузиро тамоми Украина ба даст овард. Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки табъаш болида ҳаст, вале монда шудааст.

"Хаста шудам": Украина президенти навашро интихоб кард-Владимир Зеленский

"Ҳолам хуш аст, вале агар росташро гӯям, мехоҳам каме истироҳат кунам",-гуфт Зеленский.