Эмомалӣ Раҳмон таркишҳои хунини ибодатгоҳҳо дар Шри-Ланкаро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амалҳои террористии рӯзи 21 апрел дар Шри-Ланкаро маҳкум карда, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Майтрипала Сирисена, раисиҷумҳури Шри-Ланка барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо президенти Шри Ланка

“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин амали бераҳмонаро маҳкум карда, бори дигар зарурати муборизаро бо терроризму ифротгароӣ таъкид намудааст.

“Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму  ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем”, - омадааст дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардӣ изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Инфиҷорҳои рӯзи якшанбе дар ибодатгоҳҳои католикӣ дар Шри-Ланка беш  аз 200 кушта ва ҳудуди 500 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.