ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, 8 мард ва 1 зани осебдида ба Узбакистон оварда шуда, як нафари дигар бинобар мураккаб будани вазъаш ҳанӯз дар бемористони Тароз боқӣ мемонад.
Ҷасади се шаҳрванди ҳалокшуда ба иттилои мақомоти Узбакистон баъди анҷоми расмиёт ба Ватан оварда мешавад.
Садамаи мудҳиш 20 апрел дар шоҳроҳи Алмаато-Тошканд рух дода, дар натиҷа 11 кас ҷон бохту 29 нафари дигар захмӣ шуд.
Нурдилда Ораз, сухангӯи ВУД Қазоқистон тавзеҳ додааст, ки садама 181 километр дуртар аз Алмаато ба вуқӯъ пайваст.
Худрави тамғаи Toyota Camry бо мошини боркаш, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдаааст. Автобуси мусофиркаш бо кӯшиши ба садама дучор нашудан, чаппа шудааст.
"Дар натиҷаи ҳодисаи фоҷиабор, садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Кордайск 11 кас ҳалок ва 29 нафар захмӣ шуда дар бемористон қарор доранд. Аз ҷониби ҳокимияти вилоят гурӯҳи вижае ташкил шудааст, ки ба зангҳои телефонӣ мустақиман посух мегӯяд",-изҳор дошт Ораз.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки миёни ҳалокшудагон 3 шаҳрванди Узбакистон ва 7 шаҳрванди Қазоқистон мебошанд.