Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам дар шаҳри Душанбе мактаб ифтитоҳ карданд

Ин муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров - директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ба баҳрабардорӣ расониданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Президент бо шароити таълимгоҳ ошно шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ин муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров - директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат аст ва бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.

Муассиса барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дорои 51 синфхона ва 38 утоқи дигари ёрирасон мебошад.

Камераҳои назоратӣ: Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам дар Душанбе Амфитеатр кушоданд

Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудааст. Ҳамчунин дар мактаб утоқҳои алоҳидаи лабараторӣ бунёд ёфта, барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёниятҳои дарсӣ насб гардидааст.

Ҳамзамон бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.

Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон, дар иншооти мазкур бинои алоҳидаи тиббӣ бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ ва таҷҳизоти дандондармонии касбӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар зарфи якуним сол ҷараён ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва нишастгоҳҳо таъмин гардидааст.

Ба хотири оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар ҳавлии муассисаи таълимӣ ду майдони варзишии муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва варзиш пешбинӣ гардида мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта шудааст.

Дар ҳудуди таълимгоҳ ду адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, ҳамчунин иншоот бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ кард.