Силоҳ ва ҷиноят: кишварҳои ИДМ бар зидди ҷинояткорӣ ҳамроҳ мубориза мебаранд

Қудратиҳо бар инанд, ки кафили муваффақият дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, истифодаи маҷмӯи иттилооти мавҷуда ва мукаммал намудани технологияи махзани иттилоот мебошад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Рӯзҳои 17-19-уми апрел, дар шаҳри Маскав ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин бора равобити умумии ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори он намояндагон аз Вазоратҳои корҳои дохилии ВКД Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Ҷаласаро муовини вазири корҳои дохилии Русия генерал-лейтенанти политсия Шулика Виталий Дмитриевич оғоз намуда, дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам ва дурнамои рушди ташаккул ва истифодаи Махзани иттилоотии байналмилалӣ дар намуди электронӣ бо хати алоқаи муҳофизатшаванда» фикру андешаҳои худро иброз дошт.

10 масъаларо ҳал мекунем: Шӯрои вазирони умури хориҷаи ИДМ дар Маскав

Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВУД Тоҷикистон полковники милитсия Боймаҳмадзода Музафар Қурбон муаррифӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба имкониятҳои ташкили мубодилаи ҳармоҳаи иттилооти оморӣ» муфассал баромад кард. 

Зикр гардид, ки кафили муваффақият ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ин истифода бурдани маҷмӯи иттилооти мавҷуда ва мукаммал намудани технологияи махзани иттилоот мебошад.

Асос барои рушди минбаъдаи фазои умумии иттилоотӣ, ин таъсис додани Махзани иттилоотии байналмилалӣ ва самаранок истифода бурдани он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ гардид, ки таъмини иттилоот, ошкор кардани ҷиноятҳо, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои оперативиро оид ба кофтукови шахсон, автомашинаҳо ва силоҳ дар тамоми ҳудуди давлатҳо, имкон фароҳам меорад.

Дар ҷараёни ҷаласа, иштирокчиён доир ба масъалаҳои тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда мубоҳисаю музокира намуда, як зумра таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи роҳбарони хадамотҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИДМ имзо шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.