ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 апрел пас аз Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо фаъолони пойтахт мулоқот кард.
Раисҷумҳур дар суханрониаш аз дастовардҳои Душанбе ва нақшаҳои корҳои ободонӣ гуфт.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон Душанбе ба наздикӣ ҳудуди 8 гектар васеътар мешавад.
"Айни замон нақшаи генералии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дорад, ки дар асоси марҳалаи якуми он ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7,6 ҳазор гектар васеъ карда мешавад", - афзуд вай.
Раисҷумҳур таъкид намуд, ки баробари васеъ шудани ҳудуди пойтахт бунёди иншоотҳои зиёд низ дар назар аст.
Ёдрас мешавем, ҳанӯз моҳи январи соли 2017 баъди таъин шудани Рустам Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт, маълум шуда буд, ки мувофиқи нақшаи нави генералӣ ҳудуди пойтахти Тоҷикистон тақрибан ду баробар фарох мешавад: аз 12,7 то 22,2 ҳазор гектар.
Бар асоси нақшаи пешниҳодкардаи Кумитаи сохтмону меъморӣ то соли 2040 масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат ва Ҳисор бештар мешаванд.