Орд арзон мешавад: раисҷумҳур ба навсозии корхонаи бузурги истеҳсоли орд оғоз бахшид

“Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии ширкати "Комбинати орди Душанбе" оғози  бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Гуфта мешавад, "Комбинати орди Душанбе" дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Иқдоми таҷдиду муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

"Таҷдид ва азнавсозии биноҳои мавҷудаи “Комбинати орди Душанбе” имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва сарфаи вақт хатҳои истеҳсолӣ дар кутоҳтарин муҳлат ба кор андохта шаванд ва барои оғози фаъолияти истеҳсолию таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шавад", - гуфта мешавад дар иттилоия.

Тоҷикистон мехоҳад ба воридкунандагон ва корхонаҳои орд дубора сабукӣ диҳад

Инфрасохтори мавҷуда ва ҷойгиршавии бинои "Комбинати орди Душанбе" бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабусу гандуми реза мебошад.

Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар коргоҳ дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна  расонида хоҳад шуд.

Баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

"Талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе зиёда аз 400 тонна ордро ташкил медиҳад ва тадбирҳои роҳандозишаванда дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал мусоидати фаъол хоҳад кард", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи азнавсозии корхона тамоми биноҳои  он  бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.

Азнавсозӣ ва таҷдиди корхона барои таъминоти бозори дохилӣ бо орд, инчунин заминагузорӣ ба содироти минбаъдаи он ба кишварҳои ҳамсоя ва бад-ин васила ҷиҳати таҳкими диверсификатсияи маҳсулоти содиршавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.