ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рамзи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"- ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин намуна ҳадафҳои озмун, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар тасвири манзараҳои кӯҳии кишвар, рангҳои парчам, ҳафт ситора, асбобҳо ва рамзҳои мусиқӣ, пари қалам ифода ёфтаанд.
"Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ҳангоми баргузории чорабинӣ аз рамзи озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" васеъ истифода намоянд", - менависад манбаъ.
Пештар дар пайи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат хоҳишмандонро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" даъват кард.Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.
Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум - 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.