Якҷоя пули интернет ҷамъ кунед: маслиҳати Нурмуҳаммадов ба мухлисони тоҷикаш - видео

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар ҳоли гароншавии нархи интернет дар Тоҷикистон ба ҳаводорони тоҷикаш барои пайгирии ҳунарнамоии ӯ маслиҳат додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Яке аз иштирокдорони мулоқоти Нурмуҳаммадов бо мухлисонаш дар шаҳри Санкт-Петербург, ки худро Муҳаммад Юнус муаррифӣ кард, гуфт имрӯз дар Тоҷикистон нархи интернет боло бурда шуд.

Раисҷумҳур дастур дод, ки нархи дастрасӣ ба интернет арзон шавад

“Барои мухлисонат минбаъд мушкил хоҳад буд, ки фаъолияти варзишиятро пайгирӣ кунанд. Дар ин бора чӣ мегӯӣ?”, -  суол гузошт Муҳаммад Юнус зимни мулоқот дар маҷмааи варзишии Санкт-Петербург.

Размикори шинохтаи Русия дар посух изҳор дошт, ки болобарии нарх ҳамеша нохушоянд аст.

“Болобарӣ, албатта нохушоянд аст. Маслиҳати ман ин аст, ки даҳ нафар якҷо шуда, пул ҷамъ кунед, як нафар мехарад  10 нафар тамошо мекунанд. Ман фикр мекунам ин роҳи ҳалли ин масъала аст. Ҳар касе хоҳиш дошта бошад, ҳатман роҳи ҳалро пайдо мекунад”, - гуфт Ҳабиб.

Ӯ таъкид намуд, ки ин пешниҳодаш аст ва наметавонад дастандаркорони болобарии нархи интернетро бидуни фаҳмидани далелҳояшон интиқод кунад.

“Ман наметавонам роҳбарияти шуморо интиқод кунам, ки нархро боло бурдаанд, шояд барои ин сабабҳое доштаанд, ки мо намедонем. Бояд назари ҷониби дуюмро ҳам донист”, - гуфтааст Нурмуҳаммадов.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз моҳи равон нархи интернет дар кишвар боло рафта, арзиши 1 гигабайт ба 62 сомонӣ баробар шуд.