Як корманди "Соҳибкорбонк"-ро барои мубодилаи 2 ҳазор рубл ҷарима карданд

Корманди бонк, ки иҷозатномаи вижа надоштааст, 2 ҳазор рубли русиро ба 284 сомонӣ иваз кардааст. Додгоҳ баъди баррасии парванда ӯро ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бохтар як корманди "Соҳибкорбонк"-ро барои бе иҷозатномаи вижа мубодила кардани 2 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардааст. Дар ин бораи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

БМТ: бонк саррофҳоро ҷарима намекунад

Бино бар иттилои манбаъ, Исомуддин Шарипов, хазинадори "Соҳибкорбонк" дар бозори "Фаровон"-и Бохтар бе иҷозатномаи вижа 2 ҳазор рубли як шаҳрвандро, ки харидори шартӣ будааст, ба 284 сомонӣ иваз кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон нисбати Шарипов бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст.

Дар натиҷа парванда  барои баррасӣ ба суди шаҳри Бохтар ирсол намуда, додгоҳ Шариповро  ҷарима намудааст.